Собиқ вазир директори бинои баландтарини ҷумҳурӣ таъин шуд

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таъин шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод. Рафиқа Мӯсоева номзади илмҳои техникӣ буда, собиқ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Аз соли […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев собиқ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таъин шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.

Рафиқа Мӯсоева номзади илмҳои техникӣ буда, собиқ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ифои вазифа намуд. Айни замон ба Иттиҳодияи энергетикони ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад.

Бинои баландтарини ҷумҳурӣ – Маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» 6-уми сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт. Бино аз 22 ошёна иборат буда,  дорои  тамоми шароити муосир барои тоҷирону соҳибкорон, кормандони маъмурӣ ва ширкатҳои гуногунсоҳаи дохилию хориҷӣ мебошад.

Ин иншооти муҳташам дар зарфи қариб 22 моҳ бо харҷи 164 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд ёфта, баландиаш 92 метр аст. Тарҳи бино бо назардошти унсурҳои меъмории бостонию муосири тоҷикӣ ва ҳам ҷаҳонӣ омода гашта, бо намои дилкашу зебояш ба маркази пойтахт ҳусни тоза зам намудааст.

Дар ошёнаҳои гуногуни ин бинои бисёрсоҳаи барои тоҷирону соҳибкорони дохилию хориҷӣ пешбинигардида утоқу толорҳои семинару конфронсҳои мухталиф, машваратҳо, марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, намоиши мўд, 2 тарабхона яке бо 200 ва дуввумӣ бо 60 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 40 ҷойи хоб ва утоқҳои маъмурию идорӣ бо шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар назди ин маркази боҳашамат, ҳамчунин як бинои дуошёна бунёд меёбад, ки дар он барои 100 мошин таваққуфгоҳ омода мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.