Парвариши зоти нави мурғҳо дар Мӯъминобод

Date:


Дар фабрикаи парандапарварии муштараки Тоҷикистону Эрон дар ноҳияи Мӯъминобод ба парвариши зоти нави мурғҳои гӯштӣ оғоз карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳар мурғи ин зот ҳадди аққал 3 кг гӯшт хоҳад дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки вазни чунин маҳсулот дар кишвар каме зиёдтар аз 1 кило аст. «Озмоиши ғизодиҳӣ нишон дод, ки вазни гӯшти ин навъи мурғҳоро метавон то ба 9 кило расонид», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, бо парвариши ин мурғҳо мушкилоти воридоти мунтазами тухмҳо аз Эрон, ки минбаъд ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, низ ҳал гардида, айни замон масъалаи тайёр кардани ғизои махсус барои мурғҳо дар маҳал мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, чӯҷаҳои аввалин бароварда шуда, вазнашон дар як шабонарӯз аз 84 то 110 грамм зиёд мешавад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мутахассисони корхона гуфтанд, на дертар аз 1-уми июли соли равон фурӯши гӯшти мурғ ба аҳолӣ оғоз мегардад ва то ахири сол парандапарварон ният доранд, ки ба бозор то 300 тонна гӯшти мурғ ба фурӯш бароранд. «Айни замон барқарор кардани боз 12 мурғхона идома дорад, ки ба ду баробар зиёд кардани истеҳсоли гӯшт мусоидат хоҳад кард», – гуфтанд мутахассисон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...