Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо истифодаи меҳнати кӯдакон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат имрӯз дар боғи 800-солагии Маскави пойтахт таҳти унвони «Ба хотири ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ меҳнати кӯдаконаро аз байн мебарем» аксия-консерт доир мегардад. Тавре дар иттилоияи Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдакон» гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо ибтикори Созмони […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон аз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо истифодаи меҳнати кӯдакон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат имрӯз дар боғи 800-солагии Маскави пойтахт таҳти унвони «Ба хотири ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ меҳнати кӯдаконаро аз байн мебарем» аксия-консерт доир мегардад.

Тавре дар иттилоияи Ташкилоти ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи кӯдакон» гуфта мешавад, чорабинии мазкур бо ибтикори Созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдакон», Созмони байнулмилалии меҳнат, мақомоти шаҳрдории Душанбе, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва дастгирии радиои «Азия-Плюс», Мегафон Тоҷикистон, ТҶ «Насли наврас», ТВ «Сафина», ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВ «Баҳористон», ширкати телевизионии «Мир» ва ҶДММ «Чархи гардун» созмон дода мешавад.

Дар доираи чорабинӣ маросими тақдими тӯҳфаҳо аз ширкати Мегафон-Тоҷикистон, наомишгоҳи расмҳо аз ҷониби ТҶ «Насли наврас» ва барономаи консертиву фароғатӣ баргузор мешавад.

Аз замони мавриди амал қарор гирифтани Конвенсияи Созмони байнулмилалии меҳнат «Дар бораи аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон» бисёр кӯдакони машғули кор дастгирӣ шудаанд. Тибқи маълумоти ахир, шумори кӯдакони машғули кор дар саросари ҷаҳон 215 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки 115 млн. нафари онҳо дар шароитҳои хатарнок кор мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.