Кушта шудани хеши наздики президент дар Душанбе

Date:


Шаби гузашта дар Душанбе ба хеши наздики президенти Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ хабар дод, ҳамсари хоҳари калонии Эмомалӣ Раҳмон аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудааст.

Эҳтимолан ин ҷо сухан сари зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Холмӯъмин Сафаров меравад. Тибқи баъзе маълумот, ӯ ба ҳайси директори КВД «Тоҷикҷангал» ифои вазифа мекардааст.

«Аз якчанд тири ба сараш бархӯрда Сафаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфт манбаъ.

Барои тафтиши ҳодисаи мазкур гурӯҳи махсуси фавриву тафтишотӣ таъсис дода шудааст. Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гуфт, дар фурсати наздиктарин оид ба ин ҳодиса иттилои махсус интишор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...