Кушта шудани хеши наздики президент дар Душанбе

Шаби гузашта дар Душанбе ба хеши наздики президенти Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ хабар дод, ҳамсари хоҳари калонии Эмомалӣ Раҳмон аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудааст. Эҳтимолан ин ҷо сухан сари зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Холмӯъмин Сафаров меравад. Тибқи баъзе маълумот, ӯ ба ҳайси […]

ASIA-Plus


Шаби гузашта дар Душанбе ба хеши наздики президенти Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ хабар дод, ҳамсари хоҳари калонии Эмомалӣ Раҳмон аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шудааст.

Эҳтимолан ин ҷо сухан сари зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Холмӯъмин Сафаров меравад. Тибқи баъзе маълумот, ӯ ба ҳайси директори КВД «Тоҷикҷангал» ифои вазифа мекардааст.

«Аз якчанд тири ба сараш бархӯрда Сафаров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфт манбаъ.

Барои тафтиши ҳодисаи мазкур гурӯҳи махсуси фавриву тафтишотӣ таъсис дода шудааст. Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ гуфт, дар фурсати наздиктарин оид ба ин ҳодиса иттилои махсус интишор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.