Чанде қабл дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳи хурди барқии «Кӯҳистон бо иқтидори 500 КВт баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, нерӯгоҳи хурди барқии «Кӯҳистон» дар доираи амалисозии барномаи ҳукумат оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар манотиқи баландкӯҳи Тоҷикистон сохта шудааст.
«Барои сохтмони ин нерӯгоҳ аз ҷониби ширкати энергохолдингии «Барқи тоҷик» ҳудуди 5,9 млн. сомонӣ маблағ масраф гардид», – афзуд Ёдгорӣ.


