Боздиди нахуствазир аз сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо рафти корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитаъи роҳи оҳани ояндаи Ваҳдат-Ёвон аз наздик ошно гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар қитъаи сохтмон ба нахуствазир маълумот доданд, ки аз оғози корҳои сохтмонӣ аз соли 2009 дар ин иншоот қариб 2,5 млн. […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бо рафти корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитаъи роҳи оҳани ояндаи Ваҳдат-Ёвон аз наздик ошно гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, дар қитъаи сохтмон ба нахуствазир маълумот доданд, ки аз оғози корҳои сохтмонӣ аз соли 2009 дар ин иншоот қариб 2,5 млн. метри мукааб корҳои заминӣ ба иҷро расида, ҳудуди 30 адад иншооти хурд бунёд ва зиёда аз 5 км хатти роҳ васл шудааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи ояндаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад.

Мувофиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, арзиши сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар чаҳорчӯби он сохтмони 18 пули хурду бузург ва 1 нақб бо дарозии 2340 метр пешбинӣ шудааст. Дар машварати корӣ, ки дар қитъаи сохтмони роҳ доир гардид, Оқил Оқилов аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба коргарони пешсаф туҳфаҳои арзишманд ва мукофотпулиҳо тақдим кард.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2011 президенти Тоҷикистон бо соҳтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон шинос шуда, 4,2 километри роҳро бо ҳамроҳонаш тайннамуда буд. Сарвари давлат муҳим будани ин роҳро таъкид сохта, изҳор дошта буд, ки он қариб чор маротиба масофаи миёни шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппаро кӯтоҳ мекунад. Ғайр аз ин, дар паёми солонаи худ ба парлумон моҳи апрели соли равон Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншотро бори дигар таъкид сохт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.