Имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб вакилон қарор дар бораи таъсиси Кумитаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар шаҳри Кӯлобро якдилона дастгирӣ намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири иҷрокунандаи Кумитаи Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, дар иҷлосия ҳамчунин дар бораи ҷудо кардани 11 ҳазор сомонӣ бо ин мақсад қарор қабул шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, миёни 69 шаҳру навоҳии Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Кӯлоб Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон воҳиди худро надошт.
«Масъалаи ҷудо кардани бино низ дар арафаи ҳаллу фасл қарор дошта, акнун ба интихоби ҳайати кормандону ихтиёриён ва омӯзиши онҳо шурӯъ мекунем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки бо оғози фаъолияти кумитаи шаҳрӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ бо сарпарастону мададрасонон ба кори дастгирии ҷабрдидагону камбизоатон беҳбудӣ бахшида хоҳад шуд.



