Кӯлоб: Нашъафурӯш ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Суди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллӣ Иззатулло Сафаровро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳр Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, суд ҳамчунин дар бораи мусодираи амволи маҳкумшуда ба фоидаи давлат қарор қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, И.Сафаров дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ […]

Турко Дикаев


Суди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллӣ Иззатулло Сафаровро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси суди шаҳр Саидҷаъфар Юлдошев хабар дод, суд ҳамчунин дар бораи мусодираи амволи маҳкумшуда ба фоидаи давлат қарор қабул кард. Ба гуфтаи ӯ, И.Сафаров дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан) гунаҳкор дониста шудааст.

«Дар мурофиаи судӣ исбот гардид, ки Сафаров бо мақсади фурӯш дар маҷмӯъ ҳудуди 7,5 кило маводи мухаддир дастрас карда, ҳангоми фурӯши 332 грамми он ба яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», – гуфт номбурда.

Бино ба маълумоти манбаъ, соли равон суди шаҳри Кӯлоб 32 адад парвандаи ҷиноии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ ва нисбат ба онҳо ҳукм содир кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.