Қирғизистон ба сохтмони роҳи оҳан тавассути Тоҷикистон манфиатдор нест


Тоҷикистон ба Қирғизистон лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чинро пешниҳод намудааст. Дар ин бора дар мусоҳиба ба хабаргузории Tazabek вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Қалиқбек Султонов хабар додааст.

«Роҳи оҳани мазкур қаламрави Қирғизистонро убур мекунад, аз ин рӯ, розигии мо зарур аст. Алҳол лоиҳаи мазкур баррасӣ нашудааст. Мо ба ин лоиҳа алҳол он қадр таваҷҷуҳе надорем, зеро лоиҳаи дигари сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон мавҷуд аст, ки барои мо аз нигоҳи нақшаҳои стратегӣ ва иқтисодӣ муҳимтар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки мо ба он розигӣ намедиҳем», – гуфтааст ӯ.

Хабаргузорӣ менависад, тибқи тарҳи фанниву иқтисодии пешакии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон, он вилояти Ошро убур мекунад. Дар ин тарҳи фанниву иқтисодии ин лоиҳа сохтмони 48 нақбу 98 пул пешбинӣ шудааст, ки масофаи яке аз нақбҳо 14,2 илометрро ташкил медиҳад.

«Айни замон Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия хатсайри бештар каммасрафро пешниҳод мекунад, ки он беш аз 1000 адад маҳаллаҳои аҳолинишинро фаро мегирад. Дар ин лоиҳа коҳиши шумори нақбҳо, ки зимни истифода хароҷоти зиёдро талаб мекунанд, пешбинӣ шудааст», – иброз доштааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, варианти сеюми лоиҳа низ мавҷуд аст, ки дар он зиёд шудани масофаи роҳ пешбинӣ мегардад. «Мо бар ин назарем, ки дар натиҷаи зиёд шудани масофаи роҳ ба миқдори 80-100 км аз 286 километри аввалӣ арзиши сохтмон коҳиш меёбад, зеро бунёди як нақб 5-7 млн. $ арзиш дошта, сохтмони роҳ бошад, ҳудуди 1 млн. $ аст. Ҳам аз ин ҳисоб сарфакорӣ шуда, ҳам хароҷоти истифода низ коҳиш меёбад», – гуфтааст вазир.

Дар навбати худ, сафири Эрон дар Қирғизистон Манучеҳр Муродӣ дар мусоҳиба ба «АКИпресс» изҳор кардааст, ки Эрон баҳри раҳоӣ аз бунбаст хатсайри интихобкардаи Қирғизистонро қабул хоҳад намуд.

Сафир гуфтааст, чанд сол қабл миёни корпоратсияи эронии «Стратос» ва воҳиди дахлдори Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони роҳи оҳани оҳан тибқи лоиҳаи Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд.

«Он замон ҷониби Эрон розӣ шуда буд, ки амалисозии лоиҳаи қисмати роҳи оҳан аз ҷониби Қирғизистонро маблағгузорӣ намояд. Умедворам, ки дар доираи ҷаласаи X-уми комиссияи байниҳукуматӣ, ки ояндаи наздик баргузор мешавад, ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард», – иброз доштааст сафир.

Дар ҳамин ҳол,  қаблан Эрон барои иҷрои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ҷудо намуд. Баъдтар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ва ширкати эронии «Метро» дар бораи таҳияи лоиҳа асноди зарурӣ ба имзо расонида, он аз ҷонби палатаи поёнии парлумони кишвар тасдиқ гардид.

Қаблан, моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ Н.Ҳакимов изҳор карда буд, ки ширкати эронии «Метро» корҳои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳиротро бо ҳар баҳонае ба дарозо мекашад ва то ҳанӯз танҳо ҳисоботи пешакӣ оид ба қисматҳои ҷудогонаи роҳ пешниҳод шудаасту халос. Ҳанӯз моҳи октябри соли 2010 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати эронии «Метро» санади таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот ба имзо расида буд.

Н.Ҳакимов таъкид сохта буд, ки вазорат барои суръат бахшидан ба корҳо тавассути Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба сафорати Эрон дар Душанбе муроҷиат кардааст, то ки сафорат ин корро таҳти назорат қарор диҳад.

Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон нисбат ба ширкати эронӣ чораҳои ҷаримабандӣ андешида наметавонад, зеро маблағи таҳияи тарҳи фанниву иқтисодӣ аз ҷониби Эрон ройгон ҷудо шудаанд ва вазорат танҳо метавонад дархост намояд, ки паймонкори кулл иваз карда шавад.

Рӯзи 6-уми майи сои равон дар Теҳрон зимни мулоқоти вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов бо ҳамтои эронии худ Алӣ Некзод ҷонибҳо ҷиҳати дар муддати се моҳ омода шудани тарҳи фанниву иқтисодии қисмати тоҷикистонии роҳ, ки аз ҷониби мутахассисони эронӣ мавриди таҳия қарор дорад, ба мувофиқа расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки масофаи қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Ҳирот 392 километрро ташкил медиҳад. Қитъаи Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон), ки 270 километрро ташкил медиҳад, мушкилтарин мавзеъ арзёбӣ мешавад. Бо назардошти релефи маҳалли мазкур барои сохтмони як километри роҳи оҳан дар ин қитъа аз 8 то 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ҳамчунин сохтмони 16 километр нақбҳо ва 47 пул низ пешбинӣ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное