Таҳқиқоти САҲА оид ба тамоилҳои тундгароӣ дар Тоҷикистон

Date:


Имрӯз Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон барои сафоратхонаҳо ва созмонҳои байнулмилалии муқими шаҳри Душанбе натиҷаҳои гузориши «Тундгароии исломӣ дар Тоҷикистон: таҳлили тамоилҳои ҷорӣ»-ро пешниҳод кард.

Тавре дар иттилоияи Дафтари САҲА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар гузориш таҳлили дарки ифротгароӣ ва тундгароии исломӣ аз ҷониби ҷомеа пешниҳод шудааст. Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби маркази таҳқиқоти иҷимоӣ-сиёсии «Коршинос» тавассути баргузории мусоҳибаҳо, кор бо гурӯҳҳои ҳадафнок ва назарсанҷиҳои афкори умум дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки 3500 нафар пурсидашудагон доир гардид.

Мутобиқи тавсияҳои дар асоси гузориш таҳияшуда, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалисозии як қатор чорабиниҳо барои мубориза бо ифротгароии маҷбуриро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ин чорабиниҳо аз мусоидат ба ташакккули сиёсати мубориза бо тундагароӣ ва тақвияти имконоти шахсони мансабдори ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.

«Натиҷаҳои таҳқиқот бозгӯи онанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба падидаи ифротгароии маҷбурӣ ба таври кофӣ устувор аст, – изҳор кард роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, сафир Ивар Викки. – Ман умедворам, ки гузориши мазкур ба дарки бештари стратегии тамоили тундагароӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин истифодаи тарзи маънавии таҳияи стратегияи минбаъдаи мубориза бо ифротгароии маҷбурӣ мусоидат хоҳад кард».

Директори Маркази таҳқиқоти иҷтимоӣ-сиёсии «Коршинос» Пӯлод Азимов иброз дошт, ки натиҷаҳои таҳқиқот тасдиқ месозанд, ки аз ифротгароӣ натанҳо мансабдорони ҳукумат, балки дар маҷмӯъ аҳолӣ низ изҳори нигаронӣ мекунад. «Бо вуҷуди ин, таҳқиқоти мо нишон дод, ки ҳамчунин барои пешгирии муваффақонаи таҳдиди ифротгароии маҷбурӣ имконот мавҷуданд», – гуфт ӯ.

Гузориши мазкур ҳамчунин ба намояндагони 13 мақомоти давлатӣ, ки ба масоили мубориза бо ифротгароии маҷбурӣ ва тундгароӣ машғуланд, низ пешниҳод гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...