Озодии собиқ прокурор пас аз ҷуброни 100 ҳазор $

Собиқ муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва собиқ прокурори ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Шермат Нуров бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар аз ҳабс озод карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, нисбат ба ӯ пас аз ҷуброни пурраи зарар дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА ба […]

ASIA-Plus


Собиқ муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва собиқ прокурори ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Шермат Нуров бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар аз ҳабс озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, нисбат ба ӯ пас аз ҷуброни пурраи зарар дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА ба ҷабрдидагон чунин чора пеш гирифта шудаат.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Нуров мутобиқи моддаи 247, қ. 4-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) рӯзи 28-уми майи соли равон дар ҷараёни тафтишоти парвандаи ҷиноии собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев боз шуд.

«Дар ҷараёни тафтишот муқаррар шудааст, ки тахминан моҳи феврали соли 2009 айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба бародарони Низомхон Ҷӯраев ва дигар шахсон – Рустам Олимов бо прокурори ноҳияи Восеъ Шермат Нуров вохӯрда, аз ӯ дархост мекунад, ки дар таъини ҷазои нисбатан сабуктар ба бародарони Ҷӯраев мусоидат намояд», – гуфт манбаъ.

Зикр мегардад, ки Нуров бо истифода аз мавқеи мусоиди худ ва бо баҳонаи гӯё мусоидат кардан ба қарори суд соли 2009 аз оилаи Ҷӯраевҳо 100 ҳазор доллари ИМА маблағ мегирад. Ҳамин тариқ ӯ ба оилаи Ҷӯраевҳо дар ҳаҷми ниҳоят зиёд зарар мерасонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.