Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ

Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд. Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.

Дар оғози мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки «ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи олии ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш мо бистумин солгарди онро ҷашн гирифтем, қаноатманд аст».

Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси ниҳодҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳаллу фасли маҷмӯи калони масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию амниятии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият баланд арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо ба раванди татбиқи пайгиронаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нишонаҳои шиддат гирифтани бӯҳрони озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, проблемаи зиёди экологӣ ва офатҳои табиии харобиовари солҳои охир аз ҷумлаи монеаҳои чунин раванд номида шуданд.

 Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки Созмони Милали Муттаҳид дастгирии минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва рафъи монеаҳои зикршуда идома хоҳад дод.

Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин баъзе масъалаҳои мубрами экологӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Дар масъалаи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, Президенти кишвар иброз дошт, ки «мо ба ҳарчӣ зудтар баромадани ин сарзамини азияткашида аз ҳолати низоъ сидқан манфиатдорем ва ҷаҳду талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дастгирӣ менамоем».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.