Раиси пойтахт соҳибмулкони манзилҳои барои кӯчонидан пешбинишударо ба ҳузур пазируфт

Чанде қабл  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти омодагиҳо ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкони 160 квартираҳои дар 15 биноҳои истиқоматии душоёнаи дар хиёбони Рӯдакӣ  ҷойгирбуда баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо дарназардошти омодагиҳо ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо соҳибмулкони 160 квартираҳои дар 15 биноҳои истиқоматии душоёнаи дар хиёбони Рӯдакӣ  ҷойгирбуда баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамовозии сокинон дар татбики Нақшаи генералӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки дар марҳилаи кунунӣ мувофиқ ба нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат, ки азнавсозии қисмати марказии шаҳр пешбинӣ гардидааст, ташаббуси ҶДММ «Эъмор»-ро бобати дар заминаи биноҳои дуошёнаи мавҷуда бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкон бунёд намудани 20 бинои хонаҳои истиқоматии 7-9 ошёнаи замонавии дорои марказҳои савдо ва таваққуфгоҳҳои зеризаминиро дастгирӣ намуд.

«Дар ин зимн раиси пойтахт таъкид кард, ки ба ҳар як соҳибмулк вобаста ба хоҳишашон квартираҳои баробарарзиши замонавӣ дар биноҳои истиқоматии бунёдшаванда таъмин карда шуда, дар сурати талаб доштани арзиши бозории квартираҳо тибқи муқаррароти қонунгузории кишвар  ва мувофиқаи тарафҳо аз ҳисоби фармоишгар маблағҳо пардохт карда мешаванд», – гуфт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.