Омодагии ХФМ вилояти Маскав ба қонунигардонии будубоши муҳоҷирони тоҷик

Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шӯъбаи раёсати мазкур дар фурудгоҳи «Домодедово»-и вилояти Маскав Владимир Балашов масоили мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар расмиёти қонунигардонии будубош ва гирифтани иҷозат ба кор баррасӣ шуданд . Тавре […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Маскав Олег Молодиевский ва сардори шӯъбаи раёсати мазкур дар фурудгоҳи «Домодедово»-и вилояти Маскав Владимир Балашов масоили мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар расмиёти қонунигардонии будубош ва гирифтани иҷозат ба кор баррасӣ шуданд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот Олег Молодиевский изҳор кардааст, ки айни замон дар мақомоти муҳоҷирати вилояти Маскав беш аз 180 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба қайд гирифта шудаанд.

«Дар зарфи 5 моҳи соли равон дар қаламрави вилояти Маскав ҳудуди 18,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор патент гирифтанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 31% зиёдтар аст. Ғайр аз ин, барои кор беш аз 18 ҳазор иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 15,4% бештар аст», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, Молодиевский зарурати мусоидат ба муҳоҷирони кории тоҷик дар масъалаи расмиёти гирифтани аснод барои кор дар Русияро таъкид кардааст. «Бо ин мақсад пеш аз сафар ба Русия миёни муҳоҷирон баргузор намудани корҳои шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои онҳо дар кишвари бегона ва қонунгузории он кишвар мувофиқи мақсад аст», – изҳор доштааст ӯ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.