Баррасии масоили густариши ҳамкориҳо дар вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон

Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чаҳорчӯби иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот доир намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии ду кишвар баррасӣ шуд. Бо мақсади таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои марбут […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар чаҳорчӯби иштирок дар Конфронси Рио+20 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот доир намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва минтақавию байналмилалии ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо мақсади таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои марбут ба имзои лоиҳаҳои омодашудаи санадҳо доир ба соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатиро зарур шумурданд.

Масоили ҳамгироии ду давлат дар соҳаҳои маориф, нақлиёт, тиҷорат ва иқтисод, бунёди корхонаҳои муштарак, фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ низ мавриди таваҷҷӯҳи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон қарор гирифтанд.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.