Э.Раҳмон: Сатҳи камбизоатӣ дар соли 2015 то 30% коҳиш меёбад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]

Аваз Юлдошев


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки Конфронсро Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Президенти Бразилия Дилма Русефро раиси Конфронс ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз муовинони у интихоб намуд.

Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки конфронси мазкур ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дар идома сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки мутобиқи натиҷаҳои таҳқиқоти сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ аз 53%-и соли 2003 дар соли 2007 то ба 41% коҳиш ёфтааст. Ба ин сурат сатҳи некӯаҳволии беш аз 1 млн. нафар одамон беҳтар шудааст.

«Бо нигоҳдошти тамоили кунунӣ ва суръати коҳиши устувори сатҳи камбизоатӣ, интизор меравад, ки дар соли 2015 сатҳи камбизоатӣ то 30% поин бурда шавад, вале камбизоатӣ барои мо мушкилоти рӯзмарра боқӣ мемонад», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон иброз дошт, ки ташаббуси Дабири кулли СММ «Энергетикаи устувор барои ҳама»-ро дастгирӣ менамояд, зеро Тоҷикистон имконоти бузурги гидроэнергетикиро доро буда, ояндаи кишвар ба истифодаи пурсамар ва оқилонаи ин навъи энергия вобаста аст.

Зикр гардид, ки ҳиссаи гидроэлектроэнергия дар тавозуни энергетикии кишвар 98%-ро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дорои чор дарсади захираҳои ҷаҳонии гидроэнергетикӣ аст, ки ба 527 млрд. кВт/соат дар як сол баробар аст. Ин нишондиҳанда аз талаботи имрӯзаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ беш аз се маротиба зиёдтар мебошад. Айни замон ҳамагӣ ҳудуди 3,2%-и имконоти гидроэнергетикӣ азхуд шудаанд.

Дар сурати ҳамкории судманд, имконоти содиротии Тоҷикистон дар соли 2020 метавонад ба 30 млрд. кВт/соат электроэнергия баробар шавад, ки ба рушди «иқтисоди сабз» мусоидат мекунад.

Барои амалисозии ҳадафҳои Соли байнулмилалии ҳамкорӣ дар масоили об Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки Муколамаи интерактивии Ассамблеяи генералии СММ ва конфронси байнулмилалии СММ оид ба масоили ҳамкориҳо дар масоили об доир гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.