То ахири сол ҳукумат ба маблағи беш аз 102 млн. $ созишнома ба имзо расониданист

Date:


Дар музокироти парлумонӣ бахшида ба масоили иҷрои буҷети давлатӣ дар 5 моҳи соли равон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки то ахири сол ҳукумат ба маблағи беш аз 102 млн. $ созишнома ба имзо расониданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири молия зикр кард, ки дар зарфи 5 моҳи соли равон ба маблағи 220 млн. сомонӣ 4 созишномаҳои қарзӣ ва бурсӣ ба имзо расиданд, ки 80%-и онҳоро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд.

«Дар навбати худ раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумон Сафаралӣ Раҷабов иброз дошт, ки дар ин давра буҷети давлатӣ ба андозаи 103 дарсад ба иҷро расидаааст. «Дар зарфи 5 моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ 3,4 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид», – гуфт ӯ.

Сафаралӣ Раҷабов ҳамчунин изҳор кард, ки дар ҷараёни тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳаҷми 65,8 млн. сомонӣ зарар ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,1 млн. сомонӣ зиёдтар мебошад. Аз ин миқдор 42 млн. сомонӣ аллакай барқарор карда шудааст.

«Зикр гардид, ки камбудиҳои молиявӣ дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 6 млн. сомонӣ, Вазорати маориф дар ҳаҷми 4,3 млн. сомонӣ ва вазоратҳои тандурустиву энергетика ва саноат ошкор шудаанд», – таъкид карданд дар хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...