Ҳудуди 50 нафар ба телефони боварии РВКД-и Суғд муроҷиат карданд

Дар зарфи якуним моҳ ҳудуди 50 нафар шаҳрвандон ба телефони боварии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд муроҷиат карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Раёсати мазкур иттилоъ доданд, 13 муроҷиат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, 13 муроҷиат ба кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, 8 муроҷиат ба фаъолияти хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ, 3 […]

Мавлуда Рафиева


Дар зарфи якуним моҳ ҳудуди 50 нафар шаҳрвандон ба телефони боварии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд муроҷиат карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Раёсати мазкур иттилоъ доданд, 13 муроҷиат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, 13 муроҷиат ба кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноӣ, 8 муроҷиат ба фаъолияти хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирӣ, 3 муроҷиат ба фаъолияти кормандониБДА, 3 муроҷиат ба муносибати ғайриқонунии кормандони корхонаву ташкилот ва 4 муроҷиат ба масъалаи тақисмоти ғайриқонунии қитъаи замин дахл доштааст.

Дар ҷараёни санҷиши минбаъдаи муроҷиатҳо дар 12 ҳолат маълумот тасдиқ гардида, дар асоси маводи санҷидашуда 2 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳафт муроҷиат тасдиқ нагардида, 8 муроҷиат ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст, ки ҷараёни санҷиши онҳо таҳти назорати қатъии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд қарор мегирад. «Санҷиши боз 18 муроҷиати шаҳрвандони вилоят идома дорад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд тавасссути телефони боварӣ бо рақами (84322) 6-22-22 метавонанд бевосита ба сардори Раёсати ВКД-и вилояти Суғд генерал-майори милиса Шариф Назаров муроҷиат намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.