Конфронси байнулмилалӣ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллии тоҷикон

Санаи 26-уми июн дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бахшида ба Рӯзи ваҳдатии миллии тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон – 15 соли созиш ва ваҳдат» як конфронси байнулмилалии илмиву назариявӣ доир мегардад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, конфронси мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус ва дар ҳамдастӣ бо Кумитаи […]

ASIA-Plus


Санаи 26-уми июн дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск бахшида ба Рӯзи ваҳдатии миллии тоҷикон таҳти унвони «Тоҷикистон – 15 соли созиш ва ваҳдат» як конфронси байнулмилалии илмиву назариявӣ доир мегардад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, конфронси мазкур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Белорус ва дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, парлумон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи улуми Ҷумҳурии Белорус созмон дода мешавад.

Ба кори конфронс раиси Президиуми Академияи улуми Белорус Анатолий Русетский ҳусни ифтитоҳ бахшида, сипас сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодов суханронӣ мекунад.

Дар суханронии худ сафири Тоҷикистон дар бораи марҳилаҳои расидан ба сулҳу созиш, аҳамияти таҷрибаи тоҷикон дар муттаҳидсозии миллат, нақши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдати миллат ва ҳалли низоъ, мушкилоту дастовардҳои кишвар ва дигар мавзӯъҳо маълумот хоҳад дод.

Дар барномаи чорабинӣ ҳамчунин суханронии намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Белорус низ дар назар аст.

Зикр мегардад, ки тамоми маводи конфронс дар шакли китобчаи алоҳида ба чоп мерасад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.