Рӯзҳои 28-29-уми июн дар шаҳри Хуҷанд барои журналистон дар мавзӯи «Инъикоси пурсамари масоили камбизоатӣ ва муҳити зист» тренинг баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари Барномаи рушди СММ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, тренинги мазкур аз ҷониби Барномаи «Камбизоатӣ ва муҳити зист»-и СММ созмон дода шуда, ҳадаф аз он ташаккулли гурӯҳи журналистони ҳирфаии манфиатдор ба ҳамкорӣ бо ин барнома дар масоили иштирок дар чорабиниҳои минбаъда дар мавзӯъҳои таъсири экология ба сатҳи некӯаҳволии мардум аст.
Дар чаҳорчӯби тренинг оид ба журналистикаи амалӣ машғулиятҳо доир гардида, видеофилми экологӣ намоиш ва мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ҳамчунин барои журналистони манотиқи дигари ҷумҳурӣ ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе ба ин монанд тренинг доир мегардад.


