Беш аз 180 нафар тоҷикистониён ба шаҳодатномаи ДОМ соҳиб шуданд

Муваффақияти зиёда аз 180 нафар хатмкунандагони Барномаи Инсоншиносии Оғохон (БИО) ва Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД ДОМ) дар шаҳри Душанбе дар маросими хатми таҳсил дар Маркази Исмоилияи ш. Душанбе баргузор гардид. Тавре аз намояндагии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Душанбе хабар доданд, панҷоҳу нӯҳ нафар донишҷӯёни макотиби миёна ва донишгоҳҳо […]

ASIA-Plus


Муваффақияти зиёда аз 180 нафар хатмкунандагони Барномаи Инсоншиносии Оғохон (БИО) ва Маркази таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ММКД ДОМ) дар шаҳри Душанбе дар маросими хатми таҳсил дар Маркази Исмоилияи ш. Душанбе баргузор гардид.

Тавре аз намояндагии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Душанбе хабар доданд, панҷоҳу нӯҳ нафар донишҷӯёни макотиби миёна ва донишгоҳҳо баҳри бо муваффақият хатм намудани курсҳои байнифаннии Барномаи инсоншиносӣ ба забони англисӣ соҳиби Шаҳодатнома гардиданд. Ин курсҳо риштаҳои мухталифи илмро, ки барои пайдо намудани фаҳмиш оид ба табиати инсон ва ҷомеъа, ки ақоиди  гуногунандешӣ, фарҳанг ва ҷомеашиносии Осиёи Марказиро тарвиҷ медиҳанд, меомӯзонанд. Ба воситаи ин курсҳо донишҷӯён маҳоратҳои баланди илмӣ аз қабили истидлоли таҳлилӣ, тафаккури таҳлилӣ, услуби навишти илмӣ, иртибот ва гӯш додан ва кори гурӯҳиро меомӯзанд. Хатмкунандагон имконоти минбаъд дар сатҳи байналмиллалӣ  таҳсил намудан ва ё қобилияти роҳбарикунӣ дар ҷомеа пайдо мекунанд.

Чилу шаш нафар донишҷӯ соҳиби Шаҳодатномаи Касбии Технологияи Муҳосибӣ  гардиданд. Барномаи мазкур донишҷӯёнро барои вазифаҳои гуногун ба монанди сармуҳосиб дар корхонаҳои хурд ва ғайридавлатӣ, муҳосиб/хазинадор дар корхонаҳо ва ташкилотҳои калон омода месозад. Барномаи Технология Муҳосибӣ аз рӯи 30 кредити Системаи интиқоли эътимоди аврупоӣ (ЕCTS) арзёбӣ гардида, дар асоси стандартҳои байнамилалии ҳисоботи молиявӣ тарҳрезӣ шудааст. Ин барнома донишҷӯёнро барои зинаи болотар, яъне Барномаи Муҳосиби Шаҳодатномадори Касбӣ (САР) омода месозад.

Бисту нӯҳ нафар донишҷӯ, ки ҳамаи талаботҳои Барномаи Забони англисӣ барои коргузории расмии дараҷаҳои 1 ва 3-ро аз худ карданд, соҳиби Шаҳодатномаи Муваффақият гардиданд. Ин барнома дар асоси барномаи Палатаи савдо ва саноати Лондон (LCCI) тарҳрезӣ шуда, ММКД ҳамчун маркази ба қайд гирифташудаи он эътироф карда шудааст. Донишҷӯён ҳоло метавонанд ба дараҷаи баландтар гузаранд ва соҳиби шаҳодатномаи боэътибори LCCI гарданд, ки он аз доштани маҳорати баланди забони англисӣ ва тадбиқи он дар доираи коргузории расмӣ гувоҳӣ медиҳад. Соли ҷорӣ ҳафт нафар донишҷӯ соҳиби Шаҳодатномаи LCCI гардиданд. Бисту чор нафар шунавандагон, ки як ё ду дараҷаи Барномаи англисӣ барои муоширатро бо муваффақият хатм намуданд, соҳиби Гувоҳномаи муваффақият мегарданд. Дар байни ин шунавандагон ёздаҳ нафар кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, панҷ нафар кормандони Бунёди Миллии иытимоии мабла-гузории Тоыикистон   ва ҳашт нафар кормандони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 

Бисту панҷ нафар донишҷўй соҳиби Шаҳодатномаи хатми барномаи  Забони англисӣ барои мақсадҳои академикӣ гардиданд. Ин барнома дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оттаваи Канада бо мақсади омода намудани довталабон барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои байналмилалӣ тарҳрезӣ шудааст. Барнома инчунин шунавандагонро барои супоридани имтиҳонҳои TOEFL ва IELTS омода месозад.    

Барномаи Инсоншиносии Оғохон дар соли 1997 таъсис ёфта, дар соли 2007 ба як қисми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ табдил ёфт. Маркази идораи минтақавии ин Барнома дар шаҳри Душанбе буда, аз инҷо пешрафти фаъолиятҳо дар 23 донишгоҳ, 11 коллеҷ ва як литсей дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон идора карда мешаванд. То ба имрӯз тақрибан 42,500 донишҷӯ дар саросари минтақа ба Барномаи Инсоншиносии Оғохон фаро гирифта шудаанд.

ММКД моҳи октябри соли 2006 дар шаҳри Хоруғ ва  Маркази Таълимии он  моҳи январи соли 2008 дар шаҳри  Душанбе таъсис дода шуд. Дар айни ҳол ММКД зиёда аз 21,000 нафар донишҷӯро дар беш аз 60 намуд курсҳо дар кампуси шаҳрӣ, маркази касбӣ-техникӣ дар шаҳри  Хоруғ, Маркази таълимии шаҳри  Душанбе ва Барномаи Файзободи Афғонистон  фаро гирифтааст. ММКД  инчунин барнома барои пешрафти зарфияти  Маркази тайёркунии муаллимони Шуғнони Афғонистон ба роҳ мондааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.