Тавзеҳи Муҳиддин Кабирӣ нисбати ҳукм ба писараш

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми имрӯз содиршудаи суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба писарашро мунсифона арзёбӣ кард. «Аммо дар қалби ман нисбат ба кӯдаки дар садама бо иштироки писари ман ҳалокшуда ғаму андуҳ боқӣ мемонад», – гуфт М.Кабирӣ. Ӯ ҳамчунин гуфт, шахсан дар мурофиаи судӣ иштирок надоштааст, […]

Аваз Юлдошев


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳукми имрӯз содиршудаи суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба писарашро мунсифона арзёбӣ кард.

«Аммо дар қалби ман нисбат ба кӯдаки дар садама бо иштироки писари ман ҳалокшуда ғаму андуҳ боқӣ мемонад», – гуфт М.Кабирӣ.

Ӯ ҳамчунин гуфт, шахсан дар мурофиаи судӣ иштирок надоштааст, зеро ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон дар кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон машғули кор будааст.

«Пас аз озод шудани писарам аз ҳабс ман то ҳол ӯро надидаам, вале ба ман хабар доданд, ки Муҳаммад дарҳол пас аз берун омадан аз толори суд ба деҳаи Андигони Боло рафтааст, то ки ба волидайну хешовандон ва наздикони Муҳиддин Ортиқови 12-сола изҳори тасаллият кунад», – зикр кард раиси ҲНИТ.

Имрӯз суди шаҳри Ваҳдат нисбат ба Муҳиддин Тиллозода, ки дар пахши кӯдаки 12-сола бо мошин ва боиси ҳалокати ӯ гардида буд, ҳукм содир намуд. Суд писари 21-солаи Муҳиддин Кабириро мутобиқи моддаи 212-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи воситаҳои нақлиёт) айбдор дониста ӯро ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА) ҷарима  баст. Чун Муҳаммад Тиллозода муддати 1 моҳ дар боздоштгоҳ қарор дошт, маблағи ҷарима то 40 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми майи соли равон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат як толибилми 12-сола Муҳсиддин Ортиқов зери мошини «Toyota Camry» таҳти идораи Муҳаммад Тиллозода монда, рӯзи дигар аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расид. Ин ҳодиса дар рӯзи ба хок супурдани ҷасади модари раиси ҲНИТ ба вуқӯъ пайваст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.