Боздошти муовини раиси Истаравшан ба гумони порагирӣ барои ҳаҷ

Кормандони Агентии зиддифасод муовини раиси шаҳри Истаравшанро зимни порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, муовини раиси шаҳри Истаравшан О.М. роҳбари бахши Ҳизби коммунист дар шаҳр ва вакили Маҷлиси шаҳрӣ буда, ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор […]

Мавлуда Рафиева


Кормандони Агентии зиддифасод муовини раиси шаҳри Истаравшанро зимни порагирӣ бо далели шайъӣ боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд хабар доданд, муовини раиси шаҳри Истаравшан О.М. роҳбари бахши Ҳизби коммунист дар шаҳр ва вакили Маҷлиси шаҳрӣ буда, ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 3,5 ҳазор сомонӣ аз сокини шаҳр барои мусоидат ба сафарбар кардани ӯ ба адои маросими ҳаҷ боздошт шудааст.

Айни замон ӯ ба ҳабс гирифта нашудааст, зеро ҳамчун вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳуқуқи дахолатнопазирӣ бархӯрдор мебошад.

Дар прокуратураи вилояти Суғд аз рӯйи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 319, қ. 3-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора аз ҷониби шахсе, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишғол мекунад) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии зиддифасоди вилояти Суғд, соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 32 далели аз ҷониби шахсони мансабдор гирифтани пора ошкор шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.