Ҷашни Рӯзи ваҳдат дар пойтахт пуршукуҳ таҷлил мегардад

Date:


Рӯзи 27-уми июн ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе чорабиниҳои идона ва сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, шоми рӯзи 27-уми июн дар Боғи фарҳангу фароғати «Боғи пойтахт» бо иштироки овозхонони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, рӯзи ҷашн дар Боғи фарҳангу фароғати «Дӯстии халқҳо» консерти ҳунарпешагони Филармонияи давлатӣ доир гардида, дар «Кӯли комсомол» назди ҳозирин ансамбли «Гулшан», дастаҳои рақсии «Зебо», дар Боғи «Боғи Ирам» (собиқ боғи ботаникӣ) ҳунарпешагони Кумитаи телевизиону радио ва дар майдони «800-солагии Маскав» ансамблҳои «Сомон» ва «Лола» ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, нимаи аввали рӯз дар маҷмаии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт пойгаи аспдавонӣ доир гардида, шоми ҳамин рӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқоти гӯштини миллӣ созмон дода мешаванд.

Тавре қаблан хабар дода будем, чор тарабхонаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби худ барои тӯйи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоат мизи тӯйӣ меороянд. Ин ташаббус аз сӯйи моликони тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва қахвахонаи «Москва» пеш гирифта шуда, дар ҳар яке аз ин тарбахонаҳот барои 15 ҷуфти навхонадорон ва хешовандони онҳо мизҳои тӯйӣ ороста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи май раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ибтикори як қатор корхонаву мауссисаҳои шаҳрӣ доир ба баргузор намудани маросими ақди никоҳи 60 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои камбизоатро дастгирӣ намуд.

Бо ин мақсад БДА «Амонатбонк», Раёсати Кумитаи андоз ва гумруки пойтахт, ҶСК «Тоҷиксемент», ҶДММ «Вавилон Мобайл», ҶСП «Индиго Тоҷикистон», ҶДММ «Тоҷикмебел», меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон», «Серена», бозорҳои «Султони Кабир» ва «Сафариён» ҳар кадоме 41 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, маблағи умумии хайрия 451 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 93 ҳазор $)-ро ташкил додааст.

Маросими ақди никоҳ навхонадорон дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» доир гардида, дар он ба навхонадорон ҳамчунин туҳфаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва сарпарастон тақдим карда мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...