Сафири нави Туркманистон ба Ҳамрохон Зарифӣ эътимоднома супурд

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова нусхаи эътимоднома қабул намуд. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, баъди супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъйин барпо гардид. Мусоҳибон самтҳои ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамова нусхаи эътимоднома қабул намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, баъди супоридани нусхаи эътимоднома мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири навтаъйин барпо гардид.

Мусоҳибон самтҳои ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи марбут ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, фарҳанг ва маорифро баррасӣ карданд.

Инчунин, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои минтақавии вобаста ба вазъи Афғонистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Тарафҳо таъкид бар он доштанд, ки ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъда ва боз ҳам фарогиртар гардонидани муносибатҳо, аз имконот ва иқтидори мавҷуда истифода намуда, баҳри идомаи раванди мусбати равобити гуногунҷанба кӯшиши бештар хоҳанд кард.

Қобили зикр аст, ки Рустамова қаблан дар вазифаи мушовири сафорати Туркманистон дар Ҳиндустон ифои вазифа мекард. Дар Туркманистони кунунӣ Рустамов дуюмини занест, ки ба ӯ мақоми сафири фавқулода ва мухтор дода шудааст.

Соли 1995 ба ин мақом нахуст собиқ вазири тандурустии Туркманистон Аксолтан Отаева сазовор гардида буд. Аз соли 1995 Отаева намояндаи доимии Туркманистон дар назди СММ буда, хамзамон вазифаҳои сафири Туркманистон дар Куба (аз моҳи июли соли 2008) ва Бразилия (аз моҳи июли соли 2011)-ро низ бар дӯш дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.