Таъини намояндаи нави махсуси ИА дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо намояндаи нави махсуси худ дар минтақаи Осиёи Марказиро таъин кард. Бино ба иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии Иттиҳоди Аврупо, дар ин мансаб Пйер Морелро Патрисия Флор иваз мекунад. Беҳбуди муносибатҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои минтақаи Осиёи Маркази аз ҷумлаи вазоифи намояндаи махсуси ИА аст. Ҳамчунин намояндаи махсус аз ҷараёни равандҳои демократӣ ва […]

ASIA-Plus


Иттиҳоди Аврупо намояндаи нави махсуси худ дар минтақаи Осиёи Марказиро таъин кард.

Бино ба иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии Иттиҳоди Аврупо, дар ин мансаб Пйер Морелро Патрисия Флор иваз мекунад. Беҳбуди муносибатҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо давлатҳои минтақаи Осиёи Маркази аз ҷумлаи вазоифи намояндаи махсуси ИА аст.

Ҳамчунин намояндаи махсус аз ҷараёни равандҳои демократӣ ва риояи ҳуқуқи инсон дар минтақа мушоҳида карда, аз болои амалисозии Стратегияи ИА оид ба Осиёи Марказӣ назорат мебарад.

Патрисия Флор дипломати баландпояи олмонӣ буда, беш аз 20 сол собиқаи корӣ дорад. Ӯ ҳамчунин дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2011 П.Флор ба ҳайси намояндаи махсуси Олмон дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ифои вазифа менамуд.

Патрисия Флор 1-уми июли соли 2012 сари мансаб меояд. Нахуст ваколати ӯ то 30-юми июни соли 2013 амал хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?