Эрон барқи Тоҷикистонро ба Аврупо интиқол доданист

Эрон перомуни транзити нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Туркия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо бо Тоҷикистон гуфтушунид дорад, – изҳор доштааст вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷӯй. «Барои васли шабакаҳои барқии Тоҷикистону Эрон сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар қаламрави Афғонистон зарур аст», – гуфтааст М.Номҷӯй ба шабакаи телевизионии эронии Press […]

Пайрав Чоршанбиев


Эрон перомуни транзити нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Туркия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо бо Тоҷикистон гуфтушунид дорад, – изҳор доштааст вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷӯй.

«Барои васли шабакаҳои барқии Тоҷикистону Эрон сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар қаламрави Афғонистон зарур аст», – гуфтааст М.Номҷӯй ба шабакаи телевизионии эронии Press TV.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони хатти интиқоли барқи мазкур пас аз имзои созишномаи дахлдор миёни кишварҳо оғоз мегардад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан намояндаи Вазорати энергетикаи Эрон Абдулҳамид Фарзам изҳор дошта буд, ки Эрон ба шабакаи барқии шаш кишвари минтақаи Осиё ва Қафқоз пайваст шуданист.

Ӯ зикр кард, ки Теҳрону Ашқобод дар бораи сохтмони ду хатти нави интиқоли барқи 400 кВ созишнома ба имзо расонидаанд, ки он ба додугирифти нерӯи барқ бо Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Эрон имкон фароҳам месозад.

Эрон ба дастёбӣ ба содиркунандаи бузурги минтақавии нерӯи барқ шудан кӯшиш дорад ва барои бунёди се нерӯгоҳи барқӣ беш аз 1 млрд. доллари ИМА сармоягузорӣ ҷалб кардааст.

Айни замон Эрон бо Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия ва Туркманистон муносиботи табодули нерӯи барқро анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?