Таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Суғд

Имрӯз дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҷашни 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, чорабинии асосии ҷашнӣ шоми имрӯз соати 19:00 дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин чорабинӣ ҳунарпешагони шинохтаи эстрадаи вилоят ва гурӯҳҳои рақсии «Маҳастӣ» ва «Чаманоро» […]

Мавлуда Рафиева


Имрӯз дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҷашни 15-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд, чорабинии асосии ҷашнӣ шоми имрӯз соати 19:00 дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин чорабинӣ ҳунарпешагони шинохтаи эстрадаи вилоят ва гурӯҳҳои рақсии «Маҳастӣ» ва «Чаманоро» ширкат меварзанд.

Қабл аз ин соати 15:00 дар боғи «Наврӯзгоҳ»-и маркази маъмурии вилояти Суғд бо иштироки ҳайатҳои тамоми шаҳру навоҳии вилоят консерти идона баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ шоми рӯзи 27-уми июн дар назар аст. Дар яке аз майдонҳои асосии ин шаҳр бо иштироки ҳунарпешагони шаҳри Душанбе таҳти сарварии овозхони шинохта Сироҷиддин Фозилов консерт доир мегардад.

Ҳамчунин дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳр ва ҳамаи 6 ҷамоатҳои деҳот сайругаштаи оммавии сокинон доир гардида, ба оилаҳои иштирокчиёни фавтидаи ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ғизойӣ кӯмак расонида мешавад. Барои сарбозони қисмҳои низомӣ мизҳои идона ороста мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.