Оғози нишастҳои хабарии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ


Нишастҳои хабарии навбатии вазорату идорахои Тоҷикистон санаи 9-уми июл оғоз мегарданд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон гузориш хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матубот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгҳи иҷроияи сарвари давлат хабар доданд, дар супориш гуфта мешавад, дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки иқдоми мазкур вазъи бе ин ҳам душвори дастрасӣ ба маълумотро боз ҳам мушкилтар кард.

spot_imgspot_img

Популярное