Оғози нишастҳои хабарии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ

Нишастҳои хабарии навбатии вазорату идорахои Тоҷикистон санаи 9-уми июл оғоз мегарданд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон гузориш хоҳанд дод. Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матубот ба сарчашмаҳои расмии маълумот […]

Аваз Юлдошев


Нишастҳои хабарии навбатии вазорату идорахои Тоҷикистон санаи 9-уми июл оғоз мегарданд. Роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон гузориш хоҳанд дод.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матубот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгҳи иҷроияи сарвари давлат хабар доданд, дар супориш гуфта мешавад, дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки иқдоми мазкур вазъи бе ин ҳам душвори дастрасӣ ба маълумотро боз ҳам мушкилтар кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.