Дар ҷануби кишвар сарбоз ҳамхизмати худро парронд

Date:


Дар ҷануби кишвар як сарбоз сӯйи ҳамхизмати худ тир холӣ карда, ахирӣ бар асари он ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, Пирмадбой Мамадалӣ, хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар шаби 7-уми июл дар посбонӣ қарор доштааст.

«Дар посгоҳ ӯ аз автомати Калашников ба сӯйи ҳамхизмати худ Хоҷамқулов тир холӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин ҳодиса дар прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» адвокати айбдоршаванда Ғулом Бобоев дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки зерҳимояаш дар нишондодҳои аввалин гуфтааст, ҳангоми дар посгоҳ будан ҳаракати касеро ба сӯйи худ мушоҳида карда, ба ӯ огоҳӣ додааст, вале чун шахси ҳаракатдошта ба огоҳӣ итоат накардааст, сипас сӯйи вай тир кушодааст.

Адвокат мегӯяд, шояд прокуратура айбномаро ба дигар моддаи КҶ – «Ба марг расонидан бо сабаби беэҳтиётӣ» иваз созад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...