Латукӯби намояндаи «Тоҷик Эйр» дар Санкт-Петербург

Мудири кулли намояндагии ширкати «Тоҷик Эйр» дар Санкт-Петербург, яке аз муассисони ТҶ «Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург» Қиёмиддин Саидов аз ҷониби кормандони Хадамоти нигаҳбонии тартиботи ноҳияи Адмиралтейскии ин шаҳр мавриди латукӯб қарор гирифт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худи ҷабрдида мегӯяд, ин ҳодиса шаби 6 ба 7-уми июл тақрибан соатҳои 01:30 дақиқа ба […]

Фирӯз Умарзода


Мудири кулли намояндагии ширкати «Тоҷик Эйр» дар Санкт-Петербург, яке аз муассисони ТҶ «Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург» Қиёмиддин Саидов аз ҷониби кормандони Хадамоти нигаҳбонии тартиботи ноҳияи Адмиралтейскии ин шаҳр мавриди латукӯб қарор гирифт.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» худи ҷабрдида мегӯяд, ин ҳодиса шаби 6 ба 7-уми июл тақрибан соатҳои 01:30 дақиқа ба вукӯъ пайвастааст.

«Он замон ман меҳмононро аз тарабхонаи худам гусел мекардам, – ҳикоят мекунад ҷабрдида, ки айни замон дар бемористон аст. – Ҳангоме ки назди мошини онҳо омадем, се нафар кормандони хадамоти нигаҳбонии тартибот аз автомашинаашон берун омада, ҳуҷҷатҳои меҳмонони маро тафтиш карданд. Сипас дар бораи мавҷуд будани аслиҳа пурсида, посух гирифтанд, ки барои нигаҳдории онҳо меҳмонон ҳуҷҷати дахлдор доранд».

Ба гуфтаи Қ.Саидов, ӯ ба кормандони милиса муроҷиат карда, гуфтааст, «агар ҳамаи меҳмонони маро чунин тафтиш кунанд, пас оянда ҳеҷ кас ба тарабхона намеояд». Кормандони милиса ба ӯ посух гуфтаанд, ки онҳо аз ӯ нахоҳанд пурсид, ки киро боздошт кунанду киро на ва дағалона ба ӯ супориш додаанд, ки аз назди автомашина дур шавад.

«Вақте ман аз онҳо пурсиданӣ шудам, ки чаро ба ман супориш медиҳанд, ки аз назди автомашина дур шавам, рафтори онҳо боз бештар дағалонатар шуд. Ман аз онҳо пурсидам, ки магар ман дар назди тарабхонаи худ қарор дошта наметавонам ва бо кадом асос ба ман чунин рафтор мекунанд. Яке аз онҳо маро ба каноре кашида, ба дастонам завлона заданд ва ба латукӯб оғоз намуданд», – ба хотир меорад ҷабрдида.

Муддати се рӯз аст, ки Қ.Саидов дар бемористони Мариински шаҳри Санкт-Петербург бистарӣ буда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Ба қавли ҷабрида, зимни муомилот суханони қабеҳи «чурка» ва «понаехали» ҳамеша вирди забони кормандони милиса будааст.

Намояндаи Қ.Саидов, роҳбари ТҶ «Ҷамъияти ҷавонони донишҷӯи Тоҷикистон дар Санкт-Петербург»  Фаррух Сатторов дар робита ба ин масъала мегӯяд, гунаҳкорони ин ҳодиса набояд чун гунаҳкорони аксари ҳодисаҳои лату кӯби шаҳрвандони тоҷик беҷазо бимонанд.

«Қаблан низ ҳодисаҳои ба ин монанд бо шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода, бар асари онҳо бисёре аз шаҳрвандони мо бо айбдориҳои сохта ба зиндонҳои Русия равона гардиданд, – изҳор кард Фаррух Сатторов. – Дар партави хоҳиши беандозаи Русия ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои худ дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо бояд таҳти назорати махсуси мансабдорони тоҷик, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдор қарор дошта бошанд. Мо умедворем, ки адолат барқарор шуда, гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд».  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.