Боз се деҳаи Шӯрообод ба шабакаи барқ пайваст шуданд

Date:


Пас аз таваққуфи 11-сола се маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Лангардараи ноҳияи Шӯрообод боз ба шабакаи барқ пайваст гардиданд.

Директори муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб Мирзо Исмоилов зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки барои барои пайвасти ин деҳаҳо ба шабакаи барқ лозим омадааст, ки зеристгоҳи барқии бекорхобидаи хоҷагии деҳқонии ба номи И.Шарифовро ба тавозуни муассиса бигиранд.

Ба қавли вай, зеристгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ду трансформатор иваз ва хатти баландшиддати барқ ба масофаи 18 километр қариб пурра азнавсозӣ шудааст.

«Барои кор дар зеристгоҳи барқӣ ва назорати доимии хатти баландшиддати барқ мутахассисони соҳибтаҷрибаро киро кардем», – гуфт Исмоилов ва афзуд, ки ҳамчунин ба шабакаи барқ боз 26 хонаводаҳои деҳаи дурдастии кӯҳии Сулдузии ноҳияи Балҷувон низ пайваст карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то ҳанӯз беш аз 100 маҳаллаҳои хурди аҳолинишин аз истифодаи барқ маҳруманд. Дар ин маҳаллаҳои хурд аз 4 нафар то 10 оила ба сар мебаранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...