Оғози омодасозии кадрҳои ҳирфаӣ барои меҳмонхонаву тарабхонаҳо

Дар бинои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон байни сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба омӯзиши касбӣ фаро гирифтани мухоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони […]

ASIA-Plus


Дар бинои Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон байни сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ва вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба омӯзиши касбӣ фаро гирифтани мухоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони бекор аз рӯи ихтисоси «пешхизмат» бо донистани забонҳои русӣ , англисӣ ва арабӣ бо иштироки бевоситаи роҳбароияти бархе аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе, назири Меҳмонхонаи Тоҷикистон ва Серена, инчунин Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани шаҳрвандони кишвар тасдиқ гардид.

Зимни тасдиқи Нақша – чорабинии мазкур вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадаминов Маҳмадамин аз нарасидани кадрҳои баландихтисос дар меҳмонхонаҳо ёддовар шуда, қайд кард, ки: «Мо бо инвасила метавонем тибқи талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ шаҳрвандони кишварро бо касбҳои замонавӣ ва муосир дар якҷоягӣ бо Шумо фаро гирем. Талаботи қувваи корӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар сол то сол меафзояд ва мо бояд дар ин замина омода бошем ва ҷойҳои нави кориро таъсис диҳем».

 Дар навбати худ вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов низ баъди ба имзо расидан ва тасдиқи нақшаи чорабинии мазкур андешаҳои худро перомуни идомаи ҳамкориҳои сеҷониба чунин баён дошт: «Мо аз иқдомоти наҷиб ва ҳамкориҳои сеҷонибаи ояндадори байни Хадамоти муҳоҷирати назди хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар ибрози хушнудӣ намуда, идомаи чунин ҳамкориҳоро байни дигар вазорату идораҳо намунаи ибрат ва босамар донист».

Ӯ қайд намуд, ки « Имрӯз рақобат дар бозори меҳнати хориҷӣ пуршиддат мегардад ва моро зарур аст бо роҳу равишҳои нав ва касбҳои муосир, муҳоҷирати меҳнатиро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монем».

Дар ҷараёни ин дидор ва маросими ба имзорасии Нақша – чорабинии муштараки сеҷониба сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев нахуст дар бораи таҳаввулоти раванди муҳоҷират дар ҷаҳон, рақобатҳои пуршиддат ва оморҳои пешниҳод намудаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ишора намуда, аз хусусияти глобалӣ ва фарогир шудани ин падида дар ҷаҳон ёддовар шуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират зимни сӯҳбат ҳамчунин ба Форуми иқтисодӣ, ки ахиран дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида буд, ишора карда, дар форуми мазкур теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ то соли 2025-ро дар ҷаҳон як миллиард нафар хондаанд.

«Ин омор ва арқом далолат аз он мекунад, ки талабот ба қувваи корӣ сол то сол дар бозори меҳнати дохилӣ ва ҳам бозори меҳнати хориҷӣ меафзояд ва мо бояд қабл аз сафар омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабиро бо дарназардошти аҳамияти масъала дар марказҳои таълимӣ бо омӯзиши касбҳои замонавӣ ба роҳ монем. Хизмати се сохтор дар ин самт басо муҳим аст», – гуфт ӯ.

 Дар ҷараёни сӯҳбат оид ба лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба бокортаъминкунии шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар давлатҳои ҳамдигар , ки ахиран бо Қарори ҲҶТ ба ҷониби Қатар бо роҳҳои дипломатӣ ирсол гардидааст, низ ишора шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.