Дарёфти беш аз 5 ҳазор ниҳоли бангдона дар Панҷакент

Date:


Дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар парвариши рустаниҳои нашъаовар нисбат ба ду нафар сокинони ноҳияи Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл дар чаҳорчӯби баргузории амалиёти «Кӯкнор-2012» дар мавзеи Шохначи ҷамоати Фороби ноҳияи Панҷакент дар майдони ҳудуди 0,01 гектар беш аз 5 ҳазор адад ниҳоли бангдонаи ҳиндӣ дарёфт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба парвариши ин рустании нашъаовар ду нафар сокинони 32 ва 23-солаи ин ҷамоат машғул будаанд.

«Айни замон аз рӯйи ин далел нисбат ба гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 204, қ. 4-и КҶ ҶТ (Парвариши  ғайриқонунии зироатҳои дорои моддаҳои нашъадори кишташон манъшуда) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – гуфтанд дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Ёдрас мекунем, ки амалиёти «Кӯкнор-2012» дар вилояти Суғд 20-уми май оғоз гардида, то 30-юми ноябри соли равон идома меёбад.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шурӯъ аз оғози амалиёт то имрӯз дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 млн. адад ниҳоли бангдона дарёфт ва нобуд карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...