Ҳукумат аз пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба пахтакорон даст кашид

Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзуд. Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар нимсола аввал аз Тоҷикистон қариб 65 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми содироти нахи пахта аз Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 2,5 баробар афзуд.

Муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сиҷоуддин Исроилов зимни нишасти хабарӣ изҳор кард, ки дар нимсола аввал аз Тоҷикистон қариб 65 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 39 ҳазор тонна бештар аст.

Афзоши ҳаҷми содироти нахи пахта дар соли равонро муовини вазир ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли он марбут медонад. «Соли гузашта истеҳсоли пахта нисбат ба соли 2010 ба андозаи 130 ҳазор тонна зиёд шуд, ки аз ҳисоби он имконоти содиротии кишвар низ боло рафт», – гуфт вай.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар зиёдтар буд. Кишоварзон зиёда аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Ба қавли С.Исроилов соли равон пунбадона дар майдони қариб 200 ҳазор гектар кишт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҳазор гектар камтар мебошад. Ин тамоили коҳиши майдони киштро муовини вазири кишоварзӣ ба он марбут медонад, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ афзалият додаанд.

Дар ҳамин ҳол, С.Исроилов зикр кард, ки тамоми қарзҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки то соли гузашта ҷамъ шудаанд, аз ҳисоби давлат пардохт карда мешаванд. «Пардохти тамоми қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар ҳаҷми 560 млн. сомонӣ аз солҳои пешинро давлат ба уҳдаи худ мегирад», – гуфт ӯ.

Исроилов гуфт, солҳои пешин ҳукумат тавассути бонкҳо ба хоҷагиҳои пахтакор қарзҳои имтиёзнок пешниҳод кард, вале на ҳама аз уҳдаи баргардонидани он баромада тавонистанд.

Муовини вазири кишоварзӣ афзуд, «соли ҷорӣ ба пахтакорон чунин қарзҳо пешниҳод нагардиданд, зеро худи онҳо ба он манфиатдор набуданд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.