Автомашинаҳои аз Олмон рабуда дар Тоҷикистон пайдо шуданд

Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва қонуншиканиҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Қурбон Абдуназаров изҳор кард, ки комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони Интерпол, ВКД ва Хадамоти гумрук муддати якуним моҳ рӯйи ҳалли мушкилоти автомобилҳои рабудаи олмонӣ фаъолият дошт, ки тавассути кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиё Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол […]

ASIA-Plus


Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва қонуншиканиҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Қурбон Абдуназаров изҳор кард, ки комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони Интерпол, ВКД ва Хадамоти гумрук муддати якуним моҳ рӯйи ҳалли мушкилоти автомобилҳои рабудаи олмонӣ фаъолият дошт, ки тавассути кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиё Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол дода шуда буданд.

«Дар натиҷа дар кишвар чунин автомобилҳо дарёфт шуданд, ки ғайриқонунӣ тавассути марзи гумрукии Тоҷикистон интиқол дода шудаанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба ҳамаи автомашинаҳои дарёфтшуда бо иштироки намояндагони пулиси Олмон қарори дахлдор қабул шудааст. «Айни замон мо заминаи маълумоти худӣ ва ба заминаи маълумоти Интерпол оид ба машинаҳои дуздида дастрасӣ дошта, дар сурати зарурат метавонем маълумоти зарурӣ гирем ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул намоем», – иброз дошт Қ.Абдуназаров.

Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки то ҳанӯз автомашинаҳои дарёфтшуда ба соҳибонашон баргардонида нашудаанд.

Маҷаллаи олмонии Шпигел бо истинод ба маълумоти Идораи федералии пулиси ҷиноии Олмон хабар медиҳад, ки аксари автомашинаҳои рабудашуда тавассути Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон