Автомашинаҳои аз Олмон рабуда дар Тоҷикистон пайдо шуданд

Date:


Зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва қонуншиканиҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Қурбон Абдуназаров изҳор кард, ки комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони Интерпол, ВКД ва Хадамоти гумрук муддати якуним моҳ рӯйи ҳалли мушкилоти автомобилҳои рабудаи олмонӣ фаъолият дошт, ки тавассути кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиё Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол дода шуда буданд.

«Дар натиҷа дар кишвар чунин автомобилҳо дарёфт шуданд, ки ғайриқонунӣ тавассути марзи гумрукии Тоҷикистон интиқол дода шудаанд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба ҳамаи автомашинаҳои дарёфтшуда бо иштироки намояндагони пулиси Олмон қарори дахлдор қабул шудааст. «Айни замон мо заминаи маълумоти худӣ ва ба заминаи маълумоти Интерпол оид ба машинаҳои дуздида дастрасӣ дошта, дар сурати зарурат метавонем маълумоти зарурӣ гирем ва дар ҳамдастӣ бо мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ қарори дахлдор қабул намоем», – иброз дошт Қ.Абдуназаров.

Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки то ҳанӯз автомашинаҳои дарёфтшуда ба соҳибонашон баргардонида нашудаанд.

Маҷаллаи олмонии Шпигел бо истинод ба маълумоти Идораи федералии пулиси ҷиноии Олмон хабар медиҳад, ки аксари автомашинаҳои рабудашуда тавассути Лаҳистон ва дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...