Ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон 2% коҳиш ёфт

Date:


Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳамлу нақли бор дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи қариб 2% коҳиш ёфт, – гуфт вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи моҳҳои январ-июни соли равон тавассути тамоми навъи воситаи нақлиёт каме бештар аз 8,6 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст.

«Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилгард мутаносибан ба андозаи 9,8 ва 13,7% афзуда, тариқи нақлиёти роҳи оҳан бошад, ба миқдори 14,2% коҳиш ёфт», – таъкид кард вазир.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли борро ба қатъи ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануб тавассути қаламрави Ӯзбекистон марбут медонанд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 16-уми ноябри соли гузашта ҳаракати қатораҳо ба вилояти Хатлон қатъ гардид.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, дар зарфи шаш моҳи соли равон ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ба андозаи 1,7% афзуда, шумори умумии мусофирони аз хизматгузории роҳи оҳан истифоданамуда дар ин давра ҳудуди 84 млн. нафарро ташкил додааст.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...