Ҳамлу нақли бор дар Тоҷикистон 2% коҳиш ёфт

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳамлу нақли бор дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи қариб 2% коҳиш ёфт, – гуфт вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов. Ба гуфтаи ӯ, дар давраи моҳҳои январ-июни соли равон тавассути тамоми навъи воситаи нақлиёт каме бештар аз 8,6 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст. «Дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳамлу нақли бор дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба андозаи қариб 2% коҳиш ёфт, – гуфт вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Низом Ҳакимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи моҳҳои январ-июни соли равон тавассути тамоми навъи воситаи нақлиёт каме бештар аз 8,6 млн. тонна бор ҳамлу нақл шудааст.

«Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва автомобилгард мутаносибан ба андозаи 9,8 ва 13,7% афзуда, тариқи нақлиёти роҳи оҳан бошад, ба миқдори 14,2% коҳиш ёфт», – таъкид кард вазир.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби коҳиши ҳаҷми ҳамлу нақли борро ба қатъи ҳаракати қатораҳо ба минтақаи ҷануб тавассути қаламрави Ӯзбекистон марбут медонанд.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 16-уми ноябри соли гузашта ҳаракати қатораҳо ба вилояти Хатлон қатъ гардид.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, дар зарфи шаш моҳи соли равон ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон ба андозаи 1,7% афзуда, шумори умумии мусофирони аз хизматгузории роҳи оҳан истифоданамуда дар ин давра ҳудуди 84 млн. нафарро ташкил додааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.