Миннатдории бонувони Бадахшон ба сарвари давлат


Модарон ва бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳорот қабул намуданд.

Дар изҳорот аз номи модарону хоҳарони ВМКБ барои ҳалли сулҳомези қазия дар шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор шудааст.

«Мавриди зикр аст, ки бонувони Бадахшон нияти авфи умумӣ барои кулли иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар Хоруғро дар моҳи шарифи Рамазон яке аз иқдомҳои наҷибонаи роҳбарияти давлат мешуморанд ва ин иқдом аз тарафи кулли нерӯҳои сулҳхоҳ ва солимфикри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгирӣ карда мешавад», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот  боварии комил изҳор мегардад, ки афви умумии иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ эътимоди аҳолии маҳаллиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд зиёд намуда, яке аз пойгоҳҳои сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.

«Бонувони Бадахшон дар ҳалли минбаъдаи қазия ёрии амалии худро дареғ намедоранд ва умедвори он мебошанд, ки ҷонибҳо бо роҳи гузашткунӣ ва авфи умумӣ амнияти тарафайн ва аҳолии маҳаллиро таъмин менамоянд», – зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.

spot_imgspot_img

Популярное