Миннатдории бонувони Бадахшон ба сарвари давлат

Модарон ва бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳорот қабул намуданд. Дар изҳорот аз номи модарону хоҳарони ВМКБ барои ҳалли сулҳомези қазия дар шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор шудааст. «Мавриди зикр аст, ки бонувони Бадахшон нияти авфи умумӣ барои кулли иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар Хоруғро дар моҳи шарифи Рамазон яке […]

ASIA-Plus


Модарон ва бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳорот қабул намуданд.

Дар изҳорот аз номи модарону хоҳарони ВМКБ барои ҳалли сулҳомези қазия дар шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор шудааст.

«Мавриди зикр аст, ки бонувони Бадахшон нияти авфи умумӣ барои кулли иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар Хоруғро дар моҳи шарифи Рамазон яке аз иқдомҳои наҷибонаи роҳбарияти давлат мешуморанд ва ин иқдом аз тарафи кулли нерӯҳои сулҳхоҳ ва солимфикри Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастгирӣ карда мешавад», – омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот  боварии комил изҳор мегардад, ки афви умумии иштирокчиёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ эътимоди аҳолии маҳаллиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд зиёд намуда, яке аз пойгоҳҳои сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.

«Бонувони Бадахшон дар ҳалли минбаъдаи қазия ёрии амалии худро дареғ намедоранд ва умедвори он мебошанд, ки ҷонибҳо бо роҳи гузашткунӣ ва авфи умумӣ амнияти тарафайн ва аҳолии маҳаллиро таъмин менамоянд», – зикр мегардад дар фарҷоми изҳорот.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.