Соли равон дар Суғд 88 нафар мубталои бемории СПИД сабт шуд

Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 88 нафар беморони ангезандаи норасоии масунияти одам (ВИЧ/АНМО) ва бемории норасоии масунияти одам (СПИД/ББНМО) ошкор ва ба қайд гирифта шуданд. Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Далил Тошматов гуфт, аз ин миқдори беморон 55 нафарашонро мардон ва 33 нафарашонро занон ташкил дода, 3 тан […]

Мавлуда Рафиева


Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 88 нафар беморони ангезандаи норасоии масунияти одам (ВИЧ/АНМО) ва бемории норасоии масунияти одам (СПИД/ББНМО) ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Далил Тошматов гуфт, аз ин миқдори беморон 55 нафарашонро мардон ва 33 нафарашонро занон ташкил дода, 3 тан аз онҳо ноболиғон мебошанд. «Шумори умумии мубталоёни ин беморӣ дар вилоят 840 нафар аст», – гуфт вай.

Ба қавли Д.Тошматов, аз шумори умумии 840 нафар мубталоёни ин беморӣ, ки дар давраи аз соли 2001 то моҳи июли соли 2012 ба қайд гирифта шудаанд, 608 нафарашонро мардон ташкил дода, 230 нафар аз ин беморон ҳалок ва боз 20 нафари дигар ба хориҷи кишвар рафтаанд.

«Воситаҳои гирифторӣ ба ин беморӣ чунинанд:  332 нафар (39,4% – истеъмоли нашъа тавассути сӯзандору), 275 нафар (32,9%) – тавассути алоқаи ҷинсӣ, 5 нафар кӯдакон (0,7%) – аз модарашон сироят шудаанд ва 215 нафар беморон (25,5%) – тавассути воситаҳои номаълум», – афзуд сардори Раёсати тандурустии вилоят.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.