Табдили ибодатгоҳҳои динии минтақаи ҷануб ба иншооти таъиноти иҷтимоӣ

Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон табдили муассисаҳои динии мавриди истифода қарорнадошта ба иншооти таъъиноти зербинои иҷтимоӣ ба итмом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, шумори чунин иншоот дар ноҳияи мазкур 18 ададро ташкил додааст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дин ривоҷ ёфта, […]

Турко Дикаев


Дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон табдили муассисаҳои динии мавриди истифода қарорнадошта ба иншооти таъъиноти зербинои иҷтимоӣ ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, шумори чунин иншоот дар ноҳияи мазкур 18 ададро ташкил додааст.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дин ривоҷ ёфта, сокинони қариб тамоми маҳаллаҳо ва соҳибкорони алоҳида бидуни ба инобат гирифтани талабот ва ҳуҷҷатгузории зарурии расмӣ ибодатгоҳҳои зиёде бунёд намуданд.

«Вақте дар деҳот масҷидҳои ҷавобгӯ ба тамоми талаботи маросимҳои динӣ пайо шуданд, аксари ин ибодатгоҳҳҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ партофта шуданд», – изҳор дошт вай.

Ш.Абдулҳамидов мегӯяд, аксари сокинони деҳот худашон аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дархост кардаанд, ки ин ё он ибодатгоҳи бекорхобида ба бунгоҳи тиббӣ, китобҳона, мактаби таҳсилоти ибтидоӣ ё дигар иншооти таъиноти иҷтимоӣ табдил дода шавад.

Зикр гардид, ки айни замон дар ноҳияи Темурмалик 44 адад масҷид ва дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 566 иншооти динӣ фаъолият доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.