Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар Душанбе

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббасалӣ Гасанов масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, Шариф Раҳимзода рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек […]

Пайрав Чоршанбиев


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббасалӣ Гасанов масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, Шариф Раҳимзода рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ самараи нек арзёбӣ кард.

Дар навбати худ, Аббасалӣ Гасанов иброз дошт, ки баҳри вусъат додани муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст ҳамчун сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоягузорони озарӣ дар рушди соҳаҳои мухталиф, ташкили корхонаҳои саноатӣ, инчунин баргузор намудани бизнес форумҳо бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ҳудуди 18 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки пурра ба содироти Озарбойҷон мансуб аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд