Пахши барномаҳои СМТ ба басомади дигар гузаронида шуд

Date:


Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) ба басомади дигар гузаронида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муассис ва директори шабакаи телевизионии СМТ Зинатулло Исмоилов хабар дод, тайи ду соли ахир шабакаи СМТ ба тамошогарон барномаҳои худро ба таври бояду шояд пешкаш карда наметавонист, зеро дар басомади пахши барномаҳои шабакаи СМТ ҳамчунин шабакаи телевизионии «РТР-Планета» низ ҷойгир шуда буд. «Ин ба он оварда расонид, ки мардум ҳеҷ кадоме аз ин шабакаҳоро тамошо карда наметавонистанд», – гуфт вай.

З.Исмоилов зикр кард, ки чанд рӯз қабл аз ҷониби Кумитаи телевизиону радио ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ барои пахши барномаҳои шабакаи СМТ басомади нав ҷудо гардид.

«Акнун барномаҳои шабакаи телевизиони моро бидуни мамониат метавон ҳамарӯза аз соати 08.00 то соати 14.00 ва аз соати 18.00 то 23.00 дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Ваҳдат, Ҳисор, Шаҳринав, Ёвон ва Файзобод бемалол тамошо намуд», – афзуд З.Исмоилов.

Ёдрас мекунем, ки шабакаи телевизионии «Симои мустақили Тоҷикистон» аз соли 2007 ба пахши барномаҳо шурӯъ карда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...