Бозгашти атфоли тоҷик аз хонаҳои кӯдакони Маскав

Date:


Хадамоти пешгирии қонуншиканиҳо миёни ноболиғони Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба бозгашти атфоли тоҷик ба ватан аз хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав мусоидат намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, синнусоли ин кӯдакон аз якчанд моҳ то сесоларо ташкил дода, ҳамаи онҳо тарбиятгарони хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав мебошанд.

«Ин кӯдакон дар оилаҳои номусоид ба дунё омада, падарони аксари онҳо дар зиндонанд ва ё бархе аз волидайни онҳо бемор буда, ба тарбияи фарзандони худ имкон надоранд, – мегӯяд вай. – Ба нигоҳубину тарбияи онҳо дар хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав низ шароит фароҳам буд, вале онҳо оянда шаҳрванди Русия мешуданд, аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки онҳоро дар ватанашон ба тарбия фаро гирем. Айни замон онҳо дар хонаҳои кӯдакони № 1 ва № 2-и пойтахт маскунанд».

М.Асадуллоев зикр кард, ки феълан ин кӯдакон дар таъминоти давлат қарор дошта, вале бо хоҳишу дархост ва доро будани имкони тарбия, шаҳрвандон бидуни монеъа метавонанд онҳоро ба фарзандӣ қабул намоянд.

Сардори маркази матбуоти ВКД дар бораи шумори дақиқи кӯдакони тоҷик, ки айни замон дар хонаҳои кӯдакони Русия тарбия мегиранд, маълумот дода натавонист. «Агар дар ВКД аз шумори дақиқи ин гуна кӯдакон огоҳӣ медоштанд, тамоми имконоти мавҷуда баҳри ба ватан баргардонидани онҳоро истифода мекарданд, – гуфт Асадуллоев. – Мо дар ин самт ба корҳо тақвият бахшида, кӯшиш мекунем, ки ин гуна кӯдаконро ба Тоҷикистон баргардонем, зеро дар хонаҳои кӯдакони ҷумҳурӣ шароити хеле хуб фароҳам аст».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон доир ба дар хонаҳои махсуси кӯдакони ҷумҳурӣ бо тарбия фаро гирифта шудани 20 ҳазор нафар кӯдакон маълумот интишор намуд. Ҳар моҳ барои ҳар кадоме аз онҳо аз буҷети кишвар ҳудуди 800 сомонӣ (165 $) маблағ ҷудо мегардад.

Ғайр аз ин, бо супориши сарвари давлат дар остонаи тамоми идҳои диниву давлатӣ муассисаҳои давлативу хусусӣ ва афроди алоҳидаи дорову сарватманд ба хонаҳои кӯдакон, пиронсолон ва эҳтиёҷмандон ҳамаҷониба кӯмак мерасонанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...