Падари Кэти Тейлор «хатарнок» будани ҳарифи духтарашро эътироф кард

Пит Тейлор, падари боксчидухтари Ирландия ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Кэти Тейлор, ки чанде қабл дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бар варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дастболо шуд, ба журналистон изҳор кардааст, ки ҳарифи духтари ӯ «дарвоқеъ ҳам хатарнок» буд. Пит Тейлор зикр кардааст, ки Мавзуна «хеле серҳаракату чолок» буд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, ки ӯ аз қувваозмоии […]

Меҳрангез Турсунзода


Пит Тейлор, падари боксчидухтари Ирландия ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Кэти Тейлор, ки чанде қабл дар қувваозмоии ниманиҳоӣ бар варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева дастболо шуд, ба журналистон изҳор кардааст, ки ҳарифи духтари ӯ «дарвоқеъ ҳам хатарнок» буд.

Пит Тейлор зикр кардааст, ки Мавзуна «хеле серҳаракату чолок» буд. Расонаҳои хабарии хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, ки ӯ аз қувваозмоии Мавзуна Чориева бо варзишгари Чин Ченг Донг дар тааҷҷуб афтодааст.

«Дар Олимпиада тактикаи Мавзуна нисбат ба Чемпионати ҷаҳон дар Пекин дигаргун шуда, ӯ тактикаи навро азхуд намудааст. Шумо худ шоҳид будед, ки ҳарчанд қаду қомати Ченг Донг аз ӯ хеле баландтар бошад ҳам, ӯ чӣ гуна хуб ҳунарнамоӣ карда, бо ҳисоби 13 бар 9 ғолиб омад», – гуфтааст Пит Тейлор.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти бокс дар Олимпиадаи Лондон варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориеваи 19-сола аз намояндаи Ирландия, қаҳрамони феълии ҷаҳон оид ба бокси занона Кэти Тейлор бо ҳисоби 17 бар 9 шикаст хӯрд.

Ёдрас мекунем, ки дар қувваозмоии қаблии чаҳорякниҳойӣ Мавзуна Чориева бар намояндаи Чин Ченг Донг дастболо гардида, барои худ ҳадди ақал медалҳои биринҷии Олимпиадаро таъмин намуд.

Айни замон Мавзуна Чориева ягона варзишгари дастаи олимпии Тоҷикистон аст, ки ба Тоҷикистон медали олимпӣ ба даст овард. Қувваозмоиҳои боз шаш нафар варзишгарони дастаи олмипии Тоҷикистон – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов (таэквондо), Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва ҳамчунин Искандар Рустамов (ҳама гӯштини тарзи озод) дар пеш аст.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.