Манъи муваққатии фаъолияти бозори «Роҳи оҳан»-и пойтахт

Имрӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе фаъолияти бозори «Роҳи оҳан»-и воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро муваққатан манъ кард. Бинобар сабаби дар ин бозор риоя накардани меъёрҳои қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» мақомоти шаҳрдорӣ ба чунин хулоса расидааст. Тавре ба ОИ […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз мақомоти шаҳрдории Душанбе фаъолияти бозори «Роҳи оҳан»-и воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро муваққатан манъ кард. Бинобар сабаби дар ин бозор риоя накардани меъёрҳои қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе» мақомоти шаҳрдорӣ ба чунин хулоса расидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, қонуни дар боло зикршудаи раиси пойтахт дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин рӯ, иҷрои он ҳатмист. «Аммо фурӯшандагони бозори «Роҳи оҳан» нисбат ба нархҳои муқарраршуда аз ҷониби мақомот, арзиши маҳсулоташонро боло бардоштаанд», – гуфт ӯ.

Ш.Саидов мегӯяд, аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди ҳукумати ҶТ, ширкатҳои ватанӣ ва соҳибкорони хусусӣ рӯзи чоршанбе ба бозорҳои пойтахт 245,5 тонна орд, аз ҷумла 214,1 тонна орди навъи якум ва 31,4 тонна орди навъи дуюм ба фурӯш бароварда шудааст, ки тибқи ҳисоби коршиносон, комилан талаботи аҳолии пойтахтро қонеъ месозад. «Иттилои чанде аз ВАО дар хусуси камбуди орд дар бозорҳои пойтахт асоси воқеӣ надоранд», – таъкид кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори раиси пойтахт, ба тоҷирон тавсия дода шудааст, ки дар моҳи Рамазон як кг гӯшти говро 29, гӯшти говмешро 19, гӯшти гӯсфандро 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистонро то 110, 1 л. равғани растаниро то 8, як кг биринҷи ватаниро то 7, як кг шакарро то 5, 1 л. ширро то 3, як кг картошкаро то 2, як кг сабзиро то 2,2, як кг пиёзро то 1,1 ва 1 дона тухмро то 0,6 сомонӣ ба фурӯш бароранд.

Бо дархости мақомоти шаҳрдорӣ назорати иҷрои қарори мазкурро созмону ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ, комиссияи Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва як қатор мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба дӯш гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.